23:22 10 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
511 0 0

Абдураҳмон Мавлонов, сардори Раёсати ташхиси давлатии диншиносии Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, бархе аз матолиби Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик барои ташхис ба ин ниҳод пешниҳод шудаанд ва феълан мавриди омӯзиш қарор доранд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Мавлонов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар расонаҳо бештар аз рисолаи Далер Шарифов таҳти унвони “Ҳазрати Муҳаммад ва терроризм” зикр мешавад. Ӯ дар такя ба изҳороти расмии Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, сухан дар бораи беш аз 200 матлабу маводе меравад, ки Шарифов тайи солҳои 2013 – 2019 навиштааст ва гӯиё дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ мебошанд.

“Аз изҳорот бармеояд, ки гап танҳо сари як рисола нест. Қисмате аз ин маводҳое, ки зикр шуд, барои ташхиси диншиносӣ ба Кумитаи дин пешниҳод гардиданд, айни ҳол мавриди омӯзиш қарор доранд, баъд аз анҷоми ташхис маълумоти муфассал ба мақоми дархосткунанда дода мешавад”, - изҳор дошт Мавлонов.

Ӯ таъкид намуд, Кумитаи дин ягона ниҳоде, ки ташхиси диншиносӣ мегузаронад, нест ва идораҳои дигар бо ҷалби мутахассисон ташхиси диншиносӣ ташхис мегузаронанд. Мавлонов таъкид намуд, ки барои маълумоти муфассал дар бораи ин қазия бояд бевосита ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда шавад.

Далер Шарифов ба иттилои наздиконаш пеш аз зуҳри 28 январ ба шаҳри Душанбе даъват шуда, боздошт гардидааст. Наздиконаш мегӯянд, сипас кормандони мақомот хонаашонро бозҷӯӣ карда, бархе аз адабиётро бо худ бурданд ва таъкид намуданд, ки Шарифов баъди бозпурсӣ раҳо хоҳад шуд.

Шарифов бо 30 январи соли равон бо қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, ахиран додгоҳи шаҳри Душанберо низ қарорро бетағйир гузошт.

Додситонии кулли Тоҷикистон дар изҳороте, ки 1 феврал нашр кардааст, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик Шарифов Далерро дар нашри мақолаҳои дорои мазмуни эсктремистӣ, муттаҳам карда буд.

"Шарипов Далерҷон Абдуманноновичсоли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", - омадааст дар изҳороти расмӣ.

Ҳаққи дахолат надорам, вале: раиси Суди олӣ дар бораи озодии Далер Шарифов

Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон бо нашри як изҳорот шеваи боздошт ва муносибати мақомотро дар қазияи Далер Шарифов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик ғайри қобили қабул хондааст.

"Шеваи боздошт ва муносибати масъулини мақомотро қобили қабул намедонем, зеро зимни даъват ва боздошт кардани Далер Шарифов эҳтимол меравад, ки аз тарафи мақомот талаботи меъёрҳои қонунгузорӣ сарфи назар шудаанд, гуё ӯро ба мулоқот даъват (бидуни супурдани даъватнома бо нишондоди мақоми вай ‐ гумонбаршуда, шоҳид ва ғ.) намуда, боздошт карданд. Вай аз лаҳзаи боздошт шуданаш то рӯзи сеюм дастрасӣ ба вакили мудофеъ надошт”, - омадааст дар изҳорот.

Анҷумани миллии ВАО аз мақомоти тафтишотӣ талаб кард, ки дар баррасии мавод ва ҳолатҳои қазия волоияти қонун бечунучаро риоя шавад. То ҳол даҳҳо созмону рӯзноманигорони Тоҷикистон раҳоии Далер Шарифовро талаб карданд.

Далер Шарифов қаблан дар телевизиони давлатии “Сафина” кор мекард ва солҳои охир ба иттилои наздиконаш ба далели мушкили пайдо кардани кори доимӣ дар ВАО, баробари ҳамкорӣ бо расонаҳо ба кишоварзию китобфурӯшӣ машғул буд.

Барчаспҳо:
журналист, боздошт, омӯзиш, хулосаҳо, матлаб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ