14:45 12 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
158 0 0

Дар Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо "Сайри гули лола" баргузор мешавад. Ғолибони озмун, беҳтарин гулпарварон бо 22 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Мувофиқи қарори шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахт озмуни шаҳрии "Сайри гули лола" баргузор мешавад.

Дар қарори раиси шаҳр гуфта мешавад, мақсад аз баргузории "Сайри гули лола", муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ аст.

"Ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ барои муайян намудани ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо "Сайри гули лола" тибқи замимаи 1 тасдиқ гардида, фаъолияти худро дар асоси Низомномаи гузаронидани озмун тибқи замимаи 2 ва меъёрҳои муайян намудани ғолибони озмун тибқи замимаи 3 ба роҳ монад", - омадааст дар банди дувуми қарори раиси шаҳр.

Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ӯҳдадор шудаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи ноҳия баргузор намудани ҳамин гуна озмун ва то 18 марти соли 2020 ҷамъбаст намудани натиҷаҳои он тадбирҳои зарурӣ андешанд.

"Гурӯҳи кории шаҳрӣ натиҷаҳои озмунро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 25 марти соли 2020 ҷамъбаст намуда, тибқи муқаррарот ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод намояд", - таъкид мешавад дар қарор.

Бо дастури Растами Эмомалӣ,  барои ғолиби ҷойи якуми озмун "Дипломи дараҷаи " ва мукофот ба маблағи 10 000 (даҳ ҳазор сомонӣ), барои ғолиби ҷойи дуюми озмун "Дипломи дараҷаи 2" ва мукофот ба маблағи 7 000 (ҳафт ҳазор) сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюми озмун "Дипломи дараҷаи 3" ва мукофот ба маблағи 5 000 (панҷ ҳазор) сомонӣ, дар умум 22 ҳазор сомонӣ дода мешавад.

Рустами Эмомалӣ бо сафири Олмон дар Тоҷикистон мулоқот кард

Озмуни мазкур дар сатҳи ҷумҳуриявӣ низ баргузор хоҳад шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ