23:09 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
506 0 0

Дар Тоҷикистон озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор мешавад. Барои баргузории озмуни мазкур аз фонди раисҷумҳур бештар аз 1 миллион сомонӣ ҷудо мегардад

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи амри вижаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор мегардад. Барои баргузории озмуни мазкур аз фонди раисҷумҳур як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад ҷудо карда мешавад.

Амри раисҷумҳур имрӯз, 5 феврал ба имзо расидааст, ки дар он гуфта мешавад, озмун ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

"Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, кумитаҳои телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҳои зарурӣ андешанд", - гуфта мешавад дар банди севуми санад.

“Ҷанг барои “Маснавӣ”: дар Душанбе тайи 5 соат 10 ҳазор китоб фурӯхта шуд

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ӯҳдадор шудаанд, ки барои ҷалби бештари дӯстдорони каломи бадеъ чораҷӯӣ карда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро бо мукофоти пулӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ намоянд.

"Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои соли 2020 пешбинӣ гардидаанд, ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани чорабинии мазкур 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ба таври нақд ҷудо намояд", - омадааст дар амри раисҷумҳур.

Ёдрас мешавем, дар озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон метавонанд иштирок кунанд. Озмун аз рӯи панҷ номинатсия баргузор мешавад, ки ба он адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон ва шоирӣ дохил мешавад.

Ба ҳар оила дар Тоҷикистон китоби “Тоҷикон” тақдим мешавад

Озмун аз чор давр иборат буда, аз моҳи феврали соли 2020 то моҳи декабри соли 2020 гузаронида мешавад. Ғолибони озмун аз 15 ҳазор сомонӣ то 30 ҳазор сомонӣ мукофот хоҳанд гирифт.

Бо шартҳои озмун метавонед аз вебгоҳи раисҷумҳури Тоҷикистон шинос шавед.

 

Мавзӯъҳои асосӣ