60 дарсад! Шиддати муҳоҷират паст, аммо муҳоҷирин зиёд шудаанд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкРейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов
Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, тайи 10 соли ахир шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз ин кишвар ба кишварҳои хориҷӣ 60 дарсад коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Нурулло Маҳмадуллозода, ки дар нишасти матбуотии ин ниҳод суҳбат мекард, гуфт, шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ дар қиёс бо соли 2010 дар соли 2019 60 дарсад коҳиш ёфтааст.

Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Танҳо дар 8 моҳ беш аз 411 ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷират рафтанд

Аммо оморе, ки мавсуф пешниҳод кард, бозгӯӣ аз афзоиши муҳоҷирини меҳнатӣ дар соли 2019 дар қиёс бо соли 2018 мекунанд. Бино ба гуфтаи ӯ, соли гузашта 530 ҳазору 883 нафар – 453 ҳазору 870 нафар мард ва 77 ҳазору 013 нафар зан – ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия (518 ҳазору 066), Қазоқистон (9 ҳазору 771) ва дигар кишварҳо рафтаанд. Муовини вазир гуфт, рафти муҳоҷирини меҳнатӣ ба хориҷа дар қиёс бо соли 2018 62 ҳазору 680 нафар, ё 13% зиёд шудааст.

Нурулло Маҳмадуллозода мегӯяд, бо ин вуҷуд, шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар қиёс бо солҳои гузашта, аз ҷумла дар соли 2019 дар қиёс бо соли 2018 60 дарсад коҳиш ёфтааст.

“Соли 2019 аз муҳоҷирати меҳнатӣ 419 ҳазору 150 нафар, ба шумули 75 ҳазору 148 нафар зан, ба ватан баргаштаанд, ки ин 4% дар қиёс бо соли 2018 зиёдтар аст. Ин нишон медиҳад, ки раванди муҳоҷирати шаҳрвандони мо ба хориҷи кишвар хусусияти мавсимӣ ва бозгашт дошта, омили муҳими нигаҳдории тавозуни демографӣ ва вазъи иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад”, - гуфт муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0