03:00 08 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1362 0 0

Эпидемиологи №1 – и Тоҷикистон мегӯяд, 15 нафар дар Тоҷикистон ба гумони гирифторӣ ба “вируси тоҷдор” аз ташхис гузаштаанд

ДУШАНБЕ, 6 фев — Sputnik. Самариддин Партоев, мудири Пажӯҳишгоҳи тибби профилактикии вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ин 15 нафарро ба нишонаҳои маризии сироятӣ мо ошкор кардем ва ташхиси онҳоро гирифтем.

"Дирӯз як ташхисро аз Хуҷанд гирифтем. Хушбахтона, манфӣ баромад. Се рӯзи аввал 9 ташхисро мо ба Русия фиристода будем, ки онҳо ҳам манфӣ баромаданд. Хулоса, худи дирӯз дар озмоишгоҳҳои худамон 6 нафарро ташхис кардем, ки хушбахтона, ҳамагӣ манфӣ баромад",– гуфт Партоев.

Эпидемологи №1 – и Тоҷикистон дар посух ба ин суол, ки "оё эҳтимоли вуруди "вируси тоҷдор" ба кишвар вуҷуд дорад?" гуфт, "он рӯзҳоро Худо нишон надиҳад. Таҳдиди 100% - а вуҷуд дорад. Ягон кишвар аз он эмин нест, бахусус, уфунат (инфексия) - е, ки тариқи ҳаво мегузарад. Уфунат марзро намешиносад".

Вай афзуд, Тоҷикистон то ба ҳол тибқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ омодагии худро барои ҷилавгирӣ аз вуруди "вируси тоҷдор" гирифтааст.

Вай афзуд: "Шарти аввал, тақвияти кори гузаргоҳҳои марзӣ дар фурудгоҳу замин аст, ки ин ҳама иҷро шудааст. Ҳоло дар тамоми фурудгоҳҳои кишвар – Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар ва гузаргоҳҳои заминӣ ташхисгоҳҳо ба реҷаи шадиди кор гузаштаанд.

Коронавирус: ҳар нафаре, ки аз Чин ба Тоҷикистон меояд, 14 рӯз таҳти назорат мемонад

Шарти дуюм ба мӯҳлати 14 рӯз таҳти муроқибат гирифтани афродест, ки аз Чин ворид шудаанд ва ҳам омода кардани шифохонаҳои махсус буд, ки ҳамаро анҷом додаем. 4 шифохона бо 1000 кат омода аст. Боз 2 ҳазор бистари дигарро омода мекунем. Ҳоло 645 нафар дар онҳо нигоҳубин мешаванд. Аввалин афрод 8 рӯз ба ин сӯ таҳти муроқибатанд.

Шарти сеюм омода кардани духтурон ба ҷилавгирӣ аз ин маризист, ки ин корро ҳам анҷом додаем”, - гуфт Самариддин Партоев. Тибқи иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳоло дар кишвар як озмоишгоҳи тамомайёр ва чанд озмоишгоҳи дигар барои ташхиси “вируси тоҷдор” бо ҷалби 12 вирусологи зубда фаъол ва 5 гуруҳи мобилӣ низ ташкил шудаанд, контейнерҳои махсусро низ дар ихтиёр доранд.

Қаблан Тоҷикистон аз "Роспотребнадзор" – и Русия 2000 системаи оҷили тестӣ ба даст овард, ки "вируси тоҷдор" – ро пурра ташхис мекунанд.

"Мо дар шароити Тоҷикистон қудрати пурра ташхис кардани ин маризиро дорем", - гуфт Партоев.

Тибқи иттилои вазорати тандурустии Тоҷикистон, то ба ҳол 645 нафар, ба шумули 47 чинӣ таҳти муроқибат ё карантин гирифта шудаанд, ки аз ин теъдод 372 нафар дар Душанбе ва бақия дар Хуҷанду дигар шаҳрҳоянд.

Барчаспҳо:
ташхис, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ