19:40 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
172000

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз 58 фориғултаҳсили донишгоҳ ва донишкадаҳои олии кишварро ба вазифаи судя дар судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин кард

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки ба вазифаҳои раисони суд, муовинони раисони суд, судяҳои суди шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъин гардиданд, мулоқот намуд.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 153 нафарро ба вазифаҳои масъули ин шохаи ҳокимияти давлатӣ таъйин кард.

Гуфта мешавад, аз ин миён 58 нафари онҳо хатмкунандагони донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат мебошанд, ки бори нахуст ба курсии судяҳо дар судҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат таъйин гардиданд.

Манбаъ меафзояд, Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбат бо кадрҳои ҷавон, ки акнун дар системаи мақомоти судӣ ба фаъолият оғоз карданд, ба омӯзиши боз ҳам дақиқи санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ ва дар истеҳсолот сайқал додани донишҳои назариявии худ даъват намуд.

Эмомалӣ Раҳмон судяҳои суди Хатлон ва Ҷалолиддини Балхиро аз вазифаҳояшон сабукдӯш намуд

Роҳбари давлат аз судяҳои навтаъин талаб намуд, ки аснои ифои вазифа бояд одоби касбиро риоя кунанд ва вазифаи бошарафи судягиро бо фарҳанг ва масъулияги баланд амалӣ намоянд.

"Ба ҷиноятҳои коррупсионӣ даст задани судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо камбудии аз ҳама ҷиддӣ ва ташвишовар дар фаъолияти мақомоти судӣ мебошад",- таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Зимнан, роҳбари давлат  роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ муваззаф намуд, ки бо мақсади интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва тоза намудани мақомоти судӣ аз шахсони тасодуфӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Барчаспҳо:
судяҳо, таъиноти кадрӣ, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ