11:18 13 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.14
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
518 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба фонди қарзии хурди “Имон” ва ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ тавассути “равзанаи бонкии исломӣ” иҷозатнома дода шуд

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тибқи қарори раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Ҳумо” барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломии зерин тавассути “равзанаи бонкии исломӣ” дар шакли филиал бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.

Тибқи санади мазкур ташкилоти “Ҳумо” метавонад амалиётҳои зеринро анҷом диҳад:   

  • ҷалб намудан ва гирифтани амонати исломӣ, пасандози исломӣ ё пешбурди суратҳисоби сармоявии шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
  • кушодан ва хизматрасонии суратҳисоби муштарӣ (барои амонати исломӣ, пасандози исломӣ ё суратҳисоби сармоявӣ);
  • амалиётҳои кассавӣ: қабул, аз нав ҳисоб кардан, иваз намудан, мубодила, бастан ва нигоҳ доштани пулҳои коғазӣ ва тангаҳо;
  • амалиётҳои интиқолӣ: иҷрои хизматрасониҳои интиқолӣ барои интиқоли маблағи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
  • маблағгузориии тиҷорат: додани қарзи хурди исломӣ дар шакли нақдӣ ё маблағгузории хурди исломӣ (таъминшуда, таъминнашуда), аз ҷумла бидуни маҳдудияти маблағгузории истеъмолӣ ҳамчун қарзи истеъмолӣ, ипотекӣ ва байнибонкӣ;
  • маблағгузории хурди исломӣ барои сармоягузории асосӣ дар асоси фармоиши сармоягузор;
  • додани кафолати бонкӣ, аз ҷумла кафолат ва эътиборномаҳо аз номи худ ва аз номи муштариён;
  • аҳдҳо оид ба мубодилаи асъор;
  • хариду фурӯши воситаҳои зерин аз ҳисоби худ ё муштариён:
    - асъори хориҷӣ;

     - саҳмияҳо ва дигар коғазҳои қиматноки интиқолшаванда.

 Инчунин, тибқи қарори мазкур барои оғози фаъолияти “равзанаи бонкии исломӣ”-и ташкилоти “Ҳумо” Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи ташкилотҳои қарзии исломӣ ва “равзанаҳои бонкии исломӣ” сабти дахлдорро ворид намояд.

Ҳамзамон бо қарори дигари раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Фонди қарзии хурди “Имон” барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ, аз ҷумла пешниҳоди қарзҳои хурди исломӣ ва маблағгузории исломӣ ва бастани қарордодҳои фаровардӣ ва своп барои худ тавассути “равзанаи бонкии исломӣ” бо пули миллӣ иҷозатнома дода шуд.

Тибқи қарори зикршуда барои оғози фаъолияти “равзанаи бонкии исломӣ” тавассути бахш дар саридораи ФҚХ “Имон” дар суроғаи вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, Департаменти назорати бонкӣ уҳдадор шудааст, ки дар Феҳристи равзанаҳои бонкии исломӣ сабти дахлдорро ворид намояд.

Барчаспҳо:
иҷозатнома, фаъолият, ташкилоти қарзӣ, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ