19:06 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2654 0 0

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи фасодкориро дар кишвар таҳлил кардааст ва ҳузновараш он аст, ки дар ин кор мансабдорони давлатӣ даст доранд

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар масъалаи коррупсия Тоҷикистон дар миёни 180 давлат мавқеи 153-умро ишғол кардаастд, ки басо ҳузновар аст, изҳор дошт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ.

“Аз таҳлиле, ки ман анҷом додам, аз 607 нафар маҳкумшуда 253 нафари онҳо намояндагони мақомоти гуногуни давлатӣ, аз ҷумла судяҳо, кормандони мақомоти судӣ, корҳои дохилӣ ва ғайра мебошанд”, - иттилоъ додаст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли Убайдуллоев.

Раиси Маҷлиси миллӣ дар хитоб ба Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон таъкид кард, ки чорабиниҳо барои решакан кардани коррупсияро тақвият диҳад.

Додситони кул розигияшро бо Убайдуллоев баён карда, эътироф намуд, ки дар ҳақиқат, коррупсия проблемаи хеле ҷиддии ҷомеа маҳсуб меёбад.

“Назари ман дар ин масъала чунин аст, ки пеш аз ҳама, масъулияти роҳбарони вазорату идораҳои соҳавӣ аз болои кормандон пурзӯр карда шавад”, - гуфт додситони кул.

Дар посух ба назари Раҳмон, Убайдуллоев изҳор дошт, ки ин дуруст, вале мубориза бо коррупсия ин вазифаи мову шумо низ ҳаст.

Раиси Маҷлиси миллӣ таҳлили ин масъаларо муҳим ва зарур хонд.

"Бояд дар ин хусус барномаи мушаххаси амал дошта бошем ва вақте ки ҳар як шахс ба он шинос мешавад, бигӯяд, ки ин барнома барои ман ва аз они ман аст. Ба он ҳамфикрам ва аз рӯи он амал мекунам", - гуфт Убайдуллоев.

Барчаспҳо:
коррупсия, фасод, Маҷлиси миллӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ