00:37 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1623 0 0

Дар Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон гуфтанд, ҳафтаи дуюми моҳи феврал боду ҳавои кишвар чӣ гуна мешавад

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Тоҷикистониёнро даҳ рӯзи оянда ҳавои барфӣ интизор аст, хабар дод Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.

Бино ба пешгӯии ҳавошиносон ҳаво дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзона аз -3 то -6 ва дар баъзе ҷойҳо то  -13 сард мешавад. Шабона то -10 сардӣ пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ин, дар ВМКБ бориши барфи зиёд ва вазиши боди сахт то 33 метр дар як сония, дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон ҳаво гармтар мешавад. Ожонси ҳавошиносӣ мегӯяд, ҳаво дар ин минтақа аз  +7 то +10 гарм мешавад. Баъзе рӯзҳо дамои ҳаво то ба  18 +20 дараҷа мерасад. Вале, дар баробари ин дар вилояти Хатлон бориши барф ва борон пешгӯӣ шуда бод 20-23 метр дар як сония мевазад.

Дар вилояти Суғд ҳарорати ҳаво аз +4 то +7 дараҷа рӯзона гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво то -2 дараҷа сард мешавад.

Шабона ҳарорати ҳаво аз +1 то -5 сард мешавад. Ҳавошиносон бориши барфи сахт пешбинӣ мекунанд. Вазиши бод дар як сония то 25 метр дар як сония мевазад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ каме гармтар мешавад. Рӯзона то 12 дараҷа ва шабона то 2 дараҷа гарм мешавад. Вале чун дар дигар манотиқи кишвар, ин ҷо ҳам барф мебораду ҳам борон.

Дар Душанбе ҳафтаи дуюми моҳи феврал ҳаво рӯзона аз +5 то +7 ва шабона аз 0 то -2 дараҷа сард мешавад.

Шамол дар як сония аз 17 то 23 метр мевазад.

Барчаспҳо:
пешгӯӣ, боду ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ