Кумитаи сармоягузорӣ ҳафт кишвари аслии сармоягузори Тоҷикистонро номбар кард

Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт сармоягузор асосии Тоҷикистон дар соли 2019 Чин, Русия, Бритониё, Туркия, Кипр, Швейтсария ва Фаронса будааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Фаррух Ҳамрализода, раиси кумитаи сармоягузорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2019 воридоти сармояи мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон 3,3 млрд сомонӣ ё 346 миллион долларро ташкил додааст.

Персональный компьютер, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Тоҷинвест” барои ҷалби сармоя “Портал тиҷоратӣ” роҳандозӣ хоҳад кард

Вай гуфт, воридоти сармояи мустақими хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 дарсад афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин Ҳамрализода афзуд, сармояи мустақими хориҷӣ дар соли 2019 ба соҳаҳои истихроҷ 2,2 миллиард сомонӣ (67 дарсад), саноати коркард 477 миллион сомонӣ (14,2 дарсад), нақлиёт ва алоқа  353 миллион сомонӣ (10, 5 дарсад) ва дигар соҳаҳо ворид гаштааст.

Давоми ду моҳ ба иқтисоди Тоҷикистон 160 миллион сармоя ворид гардид

Ҳамрализода таъкид дошт, ки сармояи мустақими хориҷӣ дар соли гузашта аз Чин, Русия, Бритониёи Кабир, Туркия, Кипр, Швейтсария, Фаронса ва дигар кишварҳо ворид гаштааст.

Ҳамзамон раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон қайд кард, ки нишондиҳандаҳои мазкур мақомоти кишварро қаноат карда наметавонад, ба ҳамин хотир Кумита амалигардонии лоиаҳои сармоягузориро идома медиҳад ва дар сурати иҷрои лоиаҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар  дар соли оянда сармоя боз ҳам бештар ворид хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0