19:32 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
382601

Алорағми сару садоҳо бобати дузанагии аксар мақомдорони давлатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон, масъулини агентии коррупсия исрор медоранд, ки ягон корманди ин ниҳод дузана нест

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Шодком Турсунзода, муовини сардори Сарраёсати муқовимат бо коррупсия мегӯяд, ки ягон корманди ин ниҳод зани дуюм надорад.

Турсунзода дар ин бора зимни нишасти хабарӣ, дар ҳузури кормандони ВАО изҳори назар намуд.

Ба гуфтаи ӯ “аснои пур кардани асноди давлатӣ кормандони Агентии коррупсия исми ҳамсарашонро зикр мекунанд. Бар тибқи ин  ҳуҷҷатҳо ҳамаи кормандони агентӣ соҳиби як ҳамсар мебошанд”.

Зимнан, Турсунзода гуфтааст, ки то ҳол ягон зан ба ниҳоди онҳо бо шикоят аз ҳамсари дузанаи худ муроҷиат накардаст ва роҳбарияти ин ниҳод низ ягон зертобеони худро бо ҷурми доштани зани дуввум боздошт накардаст.

Коршинос: дузанагӣ дарди сари мардҳо мешавад

Қобили зикр аст, ки Қонуни ҷиноии Тоҷикистон чандҳамсариро мамнӯъ карда, барои бисёрзанӣ  то панҷоҳ ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё то ду сол корҳои ислоҳиро пешбинӣ кардааст.

Ҷомеашиносон мегӯянд, ки дар Тоҷикистон аксаран кормандони давлатӣ, мақомдорону соҳибкорони маъруф соҳиби ду ва ё аз ин ҳам бештар зан мебошанд.

Гузашта аз ин, теъдоди муҳоҷирони меҳнатии дузана низ кам нест. Чанде пеш муовини мудири Бунёди имдоди фарҳанги исломӣ Вячеслав Полосин изҳор намуда буд, ки  ҳарчанд тибқи қонунгузории Русия дузанагӣ мамнӯъ бошад ҳам, бархе аз муҳоҷирон ҳамсари дувум мегиранд. Ба гуфтаи коршинос, мардон бо ин роҳ мехоҳанд аз мушкилие халос шаванд, аммо хато мекунанд.

"Чунончӣ як равоншиноси исломӣ мегӯяд, бештари мардоне, ки ҳамсари дуввум мегиранд, мушкилиҳои равонии худро ҳал карда наметавонанд. Барои ҳамин ҳамсари дуввум мегиранд, ки аз он раҳо ёбанд. Аммо бо ин роҳ, мушкилии онҳо дучанд мешавад",- гуфтааст Палосин дар рафти як мизи мудаввар дар Маскав.
Барчаспҳо:
кормандон, Агентии коррупсия

Мавзӯъҳои асосӣ