Кумитаи забон: Дориюш, Ясмин, Анас, Темур... - номҳои мамнӯъ дар Тоҷикистон

ЗАГС
ЗАГС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сардори шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, имрӯз зимни нишастӣ матбуотӣ гуфт, новобаста аз рӯйхати тартибдодаи номҳои зебои тоҷикӣ мардуми ба фарзандонашон боз ҳам номҳои бегонаи туркӣ ва арабӣ мегузоранд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи танзими истилоҳот афзуд, ки дар соли гузашта комиссияи номгузории Кумита ба 373 номи ғайримеъёрӣ, хулосаи рад додааст.

Дар Тоҷикистон номгузорӣ ба таври “советӣ” манъ карда шуд

Ба гуфтаи вай, имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷои он ки аз феҳристи номҳои тоҷикие, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби як гурӯҳи бо салоҳият, олимони забардаст ва мутахассисони забоншиносу номшиноси кишвар таҳия гардидааст ва дар он беш аз 3360 номи духатронаву писарона ҷамъоварӣ карда шудааст, истифода намоянд, то ҳол аз номҳои бегона истифода мебаранд.

Вай гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷои он ки ба фарҳанги тоҷикӣ рӯ биёранд, баръакс аз фазоҳои иттилоотӣ бегона истифода бурда, бештар дар такя ба номҳои туркӣ аз қабили Хурем, Гузел, Турдибой ва Тухтасин ба фарзандони худ номгузорӣ мекунанд.

“Мегуянд бобоям ё бибиам ин номро дошт ва ман мехоҳем, ки ин номро бимонам, вале чун дар хонадони тоҷик ҳастанд, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон онҳо вазифадоранд аз номҳои хушоянду дилписанде, ки дар феҳраст ҳаст аз он истифода баранд”, - гуфт Раҳим Зулфониён.

Вай ҳамзамон гуфт, ки сокинони каишвар дар як ҳафта чандин маротиба барои номгузории номи Элмира, Исмира, Ясмина, Дарина, Алсу муроҷиат мекунанд.

Малыш в кроватке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳабибҳо бисёр шуданд: Ҳукумат гуфт, навзодҳоро зиёд Ҳабиб ном мегузоранд

Зулфониён афзуд, ки волидайн метавонанд ба Комисия барои номҳои дилхоҳи худро барои мувофиқа равон намоянд, агар ин ном қобили қабул бошад онро барои номгузорӣ иҷозат медиҳанд.

“Барои номгузорӣ 1121 муроҷиати волидайн ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 480 ном қобили қабул дониста шуда ва аз ҷониби Комиссия дастгирӣ пайдо кард. Ин номҳо дар нашри минбаъда ва лоиҳаи таҳрири мазкур ворид мешаванд” – таъкид дошт ӯ.

Ҳамзамон, ӯ зимни нишасти матбуотӣ номҳоеро номбар кард, ки аз ҷониби Комиссияи номгузорӣ қобили қабул дониста нашудааст, аз ҷумла номи Лейла, Ясмин, Дориюш, Роҳила, Дамир, Сафина, Темур, Севара, Уктам, Улуғбек, Қамчинбек, Охун, Анаш, Анас, Туйчибой, Оимгул ва ғайра.

Лентаи хабарҳо
0