Агар вакил шавам...: 30 ваъдаву ҳадафи Рустами Эмомалӣ пеш аз интихобот

Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, номзад дар интихоботи вакилон барномаи пешазинтихоботиашро нашр кардааст. Ӯ дар он аз 30 ҳадафи худ дар чор соҳаи асосии ҳаёти пойтахт гуфтааст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ барномаи пешазинтихоботиашро пешниҳод кардааст, ки онро агентии "Ховар" мунташир намудааст.

"Ман низ чун номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе тасмим гирифтаам, ки ба хотири ободкориву созандагии пойтахти азизамон – Душанбешаҳр ва барои рушди устувори Ватани маҳбубамон -Тоҷикистон саҳмгузор бошам", - омадааст дар изҳороти Рустами Эмомалӣ.

Ҳамин тавр, дар барномааш раиси шаҳр ва номзад ба вакилӣ дар чор самти асосии ҳаёти пойтахт - сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ 30 мақсадашро баён ва ваъдаи кӯшиши амалӣ кардани онро додааст.
Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Талаби Рустами Эмомалӣ аз соҳибкорон ба ивази дастгирӣ: ӯ молҳои серхаридорро гуфт

Ҳамин тавр, таҳкими сулҳ, низоми сиёсӣ, такмили қонунгузорӣ, таъмини волоияти қонун, иҷрои буҷет, баланд бардоштани маърифати сокинон ва ғайраҳо аз ҳадафҳои Рустами Эмомалӣ дар самти сиёсӣ гуфта мешавад.

Рустами Эмомалӣ ба ду ҳазор кӯдаки ятиму бепарастор туҳфаҳои солинавӣ тақдим кард

Дар самти иқтисодӣ, раиси шаҳр ваъда додааст, ки иқтисодро равнақ, корхонаҳои саноатиро тавсеа мебахшад, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, бекорон, аз ҷумла духтаронро бо кор таъмин, соҳибкорон дар бунёди корхонаҳо ҷалб ва роҳҳоро тариқи ҷалби мардони саховатпеша таъмиру таҷдид мекунад.

"Таъмини аҳолӣ бо об, бунёди мактабҳо, беҳтар кардани сифати таълим, ба низом даровардани хизматрасонии нақлиёт, беҳтар намудани дастрасии духтарон ба таълим, ҳалли саривақтии муроҷиати шаҳрвандон",- аз дигар ҳадафҳои номзад ба вакилӣ дар соҳаи иҷтимоӣ гуфта мешавад.
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси бегонапарастии занон дар ҷаласаи Рустами Эмомалӣ: супориши раис

Ҷалби ҷомеа дар ҳифзи фарҳангӣ миллӣ, мусоидат ба иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаи илмию амалӣ ва идории сиёсати давлатии ҷавонон, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ сохтани бахши фанҳои ихтисосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, такмили минбаъдаи заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ дар соҳаи фарҳанг ва ғайраҳо аз мақсадҳои Рустами Эмомалӣ дар самти фарҳанг будааст.

Интихобот - 2020: сиву шаш нозири байналмилалӣ иштирокашонро тасдиқ карданд

"Ҳадафи асосии ман монанди ҳар яки шумо саҳмгузорӣ дар таъмини инкишофу пешрафти ҷумҳурӣ ва пойтахти он- шаҳри Душанбе барои амалӣ намудани барномаи пешазинтихоботии худ ба хотири ояндаи нек ва дурахшони миллати азизамон мебошад", - таъкид кардааст дар анҷом номзад дар интихобот.

Лентаи хабарҳо
0