13:19 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3064 0 0

Аз 56 донишҷӯи тоҷике, ки дар шаҳри Вуҳани Чин дармонданд, имрӯз тавассути ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" 46 нафар ба ватан интиқол ёфтанд. 7 донишҷӯи тоҷик бинобар доштани таби баланд аз сафар боздошта шуданд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо истонад ба Вазорати умури хориҷии кишвар хабар медиҳад, ки 7 донишҷӯйи тоҷик бинобар доштани таби баланд ба ватан оварда нашуданд.

Дастури Президент: ҳавопаймои "Сомон Эйр" ба Чин парвоз кард

Манбаъ аз қавли ВУХ менависад, ки то 10 феврал муроҷиати 56 нафар донишҷӯён барои аз Чин ба Тоҷикистон баргардонидан  ба қайд гирифта шуда, баъдан  3 нафар бо хоҳиши худ аз сафар худдорӣ намуданд.

"Вале 7 нафари дигар бо сабаби доштани таби баланд аз сафар боздошта шуда, мавриди ташхис қарор гирифтанд", - омадааст дар хабар.

Ёдовар мешавем, ки 46 нафар донишҷӯёни тоҷик, ки ба Ватан баргаштанд, дар Осоишгоҳи собиқадорони ҷангу меҳнати  "Харангон"-и ноҳияи Варзоб давоми ду ҳафта дар ҳолати карантинӣ фаро гирифта мешаванд.

Ду гурӯҳ табибон бо навбат ба муоинаи бистаришудагон машғул хоҳанд шуд. Бистаришудагон се вақт бо хӯроки гарм таъмин шуда, ҳамарӯза ҳолати саломатии онҳо 3-4 маротиба муоина карда мешавад.

Коҳиши нархи банан дар пасманзари бурузи "вируси тоҷдор" ва ҷавоби вазири тандурустӣ

Ҳамзамон дар баробари шаҳрвандони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ватан баргашта 17 нафар шахсони масъуле, ки онҳоро ҳамроҳӣ намуданд, низ ба ҳолати карантинӣ  фаро гирифта мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 9 феврал ҳавопаймои "Сомон Эйр" барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Чин ба шаҳри Вуҳан парвоз кард.

Шифо ёфтани 4 ҳазор бемор аз "вируси тоҷдор" дар Чин

Бино ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Пекин, то 9 феврали 2020 дар шаҳри Вуҳан, устони Хубэй 54 нафар шаҳрванди мо қарор дошт.

Ҳавопайои мазкур инчунин ҳомили бори башардӯстона иборат аз лавозимоти тиббӣ буд, ки дар Вуҳан аз номи Ҳукумати Тоҷикистон ба ҷониби чинӣ супорида шуд.

Барчаспҳо:
интиқол, тоҷик, донишҷӯён, ВУХ

Мавзӯъҳои асосӣ