19:23 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
604 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки то 13 - уми феврал ҳавои Тоҷикистон сербориш шуда хатари фаромадани тарма ва резиши сангпораҳо мавҷуд аст

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. То 13 феврали соли ҷорӣ дар қисмати бештари минтақаҳои кӯҳии мамлакат барф меборад ва дар аксар маврид ин боришоти шадид сабабгори лағзиши тарма ва резиши санг мешавад, хабар медиҳад кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, бар асари бориши пуршиддати барфу борон дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Рашт – Лахш, Душанбе – Чаноқ, Шамсиддини Шоҳин – Ванҷ, Хоруғ – Ишкошим ҳаракати мошинҳо метавонад ба мушкил рӯ ба рӯ шавад. 

КҲФ аз сардшавии ҳаво, боришоту яхбандӣ ва лағзиши тарма ҳушдор медиҳад

Гуфта мешавад, шабонарӯзи гузашта дар километрҳои 47 – 100 роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ҳамчунин 3 ва 4 километраи роҳи Лабиҷар-Сангвор лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд.  

"Барои тоза кардани роҳ аз тарма хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Innovative Road  Solutions (IRS) техникаи махсус ҷудо карданд. Дар айни замон роҳҳо пурра тоза ва равуои мошинҳо аз сар гирифта шудааст", - омадааст дар хабар.

Зимнан, КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар рӯзҳое, ки ҳаво номусоид аст аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ, анҷоми корҳои саҳро, шикор, чаронидани чорво худдорӣ кунанд.

Барчаспҳо:
тарма, ҳушдор, КҲФ

Мавзӯъҳои асосӣ