14:15 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
212 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи асъори хориҷиро барои имрӯз дар бозори нақду ғайринақдии кишвар эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1532 то 0.1537 сомониро ташкил медиҳад, хабар додаст Бонки миллӣ.

Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА  аз 9.6945 то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро муодили 10.5796 то 10.7500 сомонӣ шудааст.

Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз  доллари ИМА - 9.6945 сомонӣ, 1 евро - 10.5796 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1532 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, Бонки миллӣ

Мавзӯъҳои асосӣ