15:54 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
82 0 0

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2019 дар ҷумҳурӣ 1320 ҳодисаи сироятёбӣ бо ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (1421 ҳодиса) 101 ҳодиса кам мебошад

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдом гирифтааст, ки имсол дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар самти бемориҳои ВНМО ва  бемории саратон ташхиси ройгони занонро ба роҳ монад.

Ин нуктаро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод  ба хабарнигорон иброз дошт.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода роҳандозии ин иқдомро ба пешгирии бемориҳои ВНМО ва саратонӣ миёни занони тоҷик рабт медиҳад.

Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2019 дар ҷумҳурӣ 1320 ҳодисаи сироятёбӣ бо ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 (1421 ҳодиса) 101 ҳодиса кам мебошад.

Давоми соли 2019 бо мақсади дастрас будани хизматрасониҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад дастгоҳ барои озмоиши иммуноферментӣ (ИФА) ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тақсим карда шуд.

Бояд гуфт, ки қаблан дар ҷумҳурӣ 3 адад дармонгоҳҳои сайёр фаъолият мебурданд. Моҳи ноябри соли 2019 дармонгоҳи сайёри 4-ум ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон супорида шуд.

Русия ба муҳоҷирони мубталои ВИЧ иҷозаи воридшавӣ медиҳад

Дар доираи фаъолияти худ дармонгоҳҳои сайёр ба шаҳру ноҳияҳо, ҷамоату деҳоти дурдаст ташриф оварда, ба аҳолӣ, хусусан ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо хизматрасониҳои ройгони тиббӣ мерасонанд ва хоҳишмандонро аз ташхиси ВНМО, гепатитҳои вирусии В, С ва оташак мегузаронанд.

Мавзӯъҳои асосӣ