19:51 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
162 0 0

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шикояти воридшуда алайҳи роҳбари ширкати “Эҳё”-ро таҳқиқ мекунад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Ба идораи милисаи ноҳияи Сино зани 50-сола, сокини кӯчаи Зарафшони пойтахт алайҳи мудири 60-солаи ширкати “Эҳё” шикоят кардааст, хабар дод ВУД Тоҷикистон.

Зани муроҷиаткунанда арз доштааст, ки мудири “Эҳё” 24-уми октябри соли 2019, аз ӯ 176 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои сохтмонаш идомадошта, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров аз ошёнаи 8-ум хонаи 2-ҳуҷраӣ медиҳад. Манбаъ таъкид кардааст, ки на хона гирифтаасту на бозпас маблағашро.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи гузашта додгоҳи Душанбе Нурулло Наимов, раиси ширкати “Манзили дастрас”-ро барои исрофкорӣ ва гирифтани маблағи шаҳрвандон бо ваъдаи додани хона дар маҷмуъ ба 21 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамчунин 5 масъули дигари ширкат низ ба муҳлати 8 то 16 сол равонаи зиндон шуданд.

Ахиран Абдулмаҷид Муминзода, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, аз ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар бозори хона изҳори нигаронӣ кард. Муминзода таъкид намуд, ки назорати иҷрои уҳдадориҳои ширкатҳои сохтмонӣ дар назди мизоҷонро, ки вақтҳои охир баҳсбарангез шудаанд, таҳким мебахшанд.

Барчаспҳо:
сохтмон, ширкат, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ