18:37 22 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи ҷанҷол бо истифода аз табар дар шаҳри Истаравшан гузориш медиҳад, ки дар натиҷа нисбати гумонбар парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ҷамоати деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан бо гумони қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ дастгир карда шуд", - менависад вазорат. 

Номбурда, санаи 23-юми январи соли 2020, тахминан соати 14:30-дақиқа, дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо марди 22-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол карда, бо табар ба пояш задааст.

Куштор: марди 35-сола ҳамсар ва падари худро бо табар зад

Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
ҷанҷол, табар, ВУД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ