Доктори илм: Исматуллозода Ширин - муовини нави сарвазири Тоҷикистон кист?

© NakibMurodovИсматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Исматуллозода Ширин Исматулло муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Исматуллозода Ширинро муовини сарвазири Тоҷикистон таъин кард

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Исматуллозода Ширин Исматулло зодаи ноҳияи Ҳисор буда, аз сентябри соли 2015 то имрӯз,  дар вазифаи  директори Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садридин Айнӣ кор кардааст.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон Исматуллозода Ширин 14 марти соли 1970 дар ноҳияи  Ҳисор ба дунё омадааст. Миллат тоҷик, таҳсилот олӣ.

Мужчина закрывает портфель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Донандаи 4 забон, 35-сола, зодаи Данғара: мушовири GIZ ва СММ раиси Кумита таъин шуд-акс

Соли 1992  Университети давлатии Тоҷикистон (рӯзона), соли  2011  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  (ғоибона) хатм кардааст.  Ихтисосаш забоншинос ва ҳуқуқшинос мебошад.

Доктори илми филологӣ буда, забонҳои русӣ ва англисиро медонад. Исматуллозода Ширин оиладор аст.

Собиқаи корӣ

Солҳои 1987-1992 донишҷӯи   факултети филологияи тоҷики  Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин.

Солҳои 1992-1994 коромӯзи кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

Солҳои 1994-1997 Аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

Солҳои 1997-2000 Ассистенти кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

Солҳои 2000-2006 Муаллимаи калони кафедраи таърихи забон ва типологияи факултети филология, Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.

Эмомали Рахмон подписывает документы на заседание глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Президент Соҳибовро аз мақомаш барканор кард

Солҳои 2006-2009 Муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистон.

Солҳои 2009 -2012 Сардори Раёсати  илм  ва навоварии техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Солҳои 2012 -2014 Директори Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг"-и Вазорати  маорифи Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Солҳои  2014-2015 Муовини  ректор оид ба корҳои таълими Донишкадаи давлатии забонҳои  Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода.

Аз снтябри соли 2015 то имрӯз мудири Коллечи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0