19:44 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
945 0 0

Мақомоти шаҳри Хуҷанд ба сокинон ва меҳмонони пойтахти шимолӣ аз савдогарони фиребгар ҳушдор додааст

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Мақомоти шаҳри хуҷанд, ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳр мераасонад, ки вақтҳои охир як зумра қаллобон дар симои савдогарон дар кӯчаву хиёбон ва ҳатто дар манзили мардум ба фурӯши молу маҳсулоти маишӣ, бахусус атриёт ба тариқи ғайриқонунӣ машғуланд.

"Мутаассифона дар байни онҳо як гурӯҳ шаҳрвандони хориҷӣ, аниқтараш сокинони кишвари Молдовия мебошанд, ки молу маҳсулоти ниёзи мардумро аз бозори марказии "Панҷшанбе"-и шаҳри Хуҷанд харидорӣ намуда, ғайриқонунӣ тамғагузории хориҷӣ ва ё худ ҳуҷҷатҳои қалбакии арзиши қиматнокро насб карда ба сокинон ва меҳмонони шаҳр аз нархи аслӣ 2-4 маротиба зиёд ба фурӯш гузошта истодаанд", - мегӯяд мақомоти шаҳри Хуҷанд.

Манбаъ афзуда, ки хушбахтона фаъолияти гурӯҳе аз онҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд ҷилавгирӣ гардида, нисбаташон чораҳои ҳуқуқӣ андешида шуда истодаанд.

Пулис ба сӯи гурӯҳи қаллобон оташ мекушояд. Акс аз бойгонӣ.
© РИА Новости/Аврора . Я.Паустовская, М.Графчиков

Нигаронии ВУД аз авҷи бозори фолбинҳо: мақомот гунаҳкоронро гуфтанд – видео

"Аз эҳтимол дур нест, ки ҳоло ҳам чунин ашхоси ҷинояткор ба фурӯши молу маҳсулоти маишӣ сарукор доранд", - мегӯяд мақомот.

Ҳушдори сафорати ИМА дар Душанбе аз “виза”-фурӯшӣ: қаллобонро чигуна муайян мекунанд?

Мақомоти Хуҷанд аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки аз харидории чунин молҳои ғайриқонунӣ аз шахсони шубҳанок худдорӣ намоянд.

Барчаспҳо:
ҳушдор, қаллоб, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ