09:47 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
569 0 0

Генерал Шерхон Салимзода, раиси Ожонси назорати маводи нашъаовари назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд мақомоти тоҷик харид ва таҳвили назоратии маводи мухаддирро аз марз бо Афғонистон қатъ кардаанд

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон соли гузашта 582 ҷинояти марбуоти мухаддиротро ошкор карда, 1 тону 637,5 кило маводи нашъадорро мусодира намудаанд, ки нисбати соли пешӣ 2 тону 59 кило, ё қариб 2,2 маротиба кам мебошад, хабар дод Салимзода.

Раиси Ожонси назорати маводи нашъадор 5 сабаби 2 баробар дар 1 сол кам шудани мусодираи маводи мухаддирро шарҳ дод.

Далели аввал ба гуфтаи Салимзода таҳкими ҳифзи сарҳади Тоҷикистон дар пайи зуҳури гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон мебошад.

“Муҳофизати сарҳад пурзӯр шуд, чун ба далели афзоиши фишор дар Сурияю Ироқ бисёри гуруҳҳои террористию экстремистӣ дар Афғонистон ҷой гирифтаанд”, - изҳор дошт раиси Ожонс.

Сад саркардаи нашъаҷаллобон дар зиндону 7 дар ҷустуҷӯ

Далели дигар ба гуфтаи Салимзода даст кашидани мақомоти Тоҷикистон аз хариду таҳвили назоратии маводи мухаддир аз минтақаҳои наздисарҳадӣ мебошад. Ӯ шарҳ надод, ки чаро мақомот ин ду намуди амалиётро дигар намегузаронанд.

“Мо аз ин ду намуди амалиёти оперативӣ даст кашидем. Минбаъд дар хатти сарҳадӣ мо харидории оперативӣ ва таҳвили назоратшаванда намекунем”, - таъкид намуд Салимзода.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки феълан ҳудуди 100 саркардаи нашъаҷаллобон дар зиндон ва 7 нафар таҳти пайгарданду  имкони машғул шудан ба нашъаҷаллобиро надоранд.  Салимзода тавзеҳ дод, ки тайи се соли охир 32 гуруҳи муташаккили нашъаҷаллоб ошкор гардида, 67 саркарда ва узви фаъоли нашхаҷаллоб дар дохили Тоҷикистону 33 нафар дар хориҷ бо мусоидати мақомоти тоҷик зиндонӣ шуданд.

Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалиро раиси Ожонси назорати маводи нашъаовар сабаби дигари камшавии гардиши маводи мухаддир гуфт.

Барчаспҳо:
боздошт, мухаддир, Шерхон Салимзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ