То 15 феврали 2022: Ҳукумат муҳлати сабти симкортҳоро дароз кард

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешСим-карта, архивное фото
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, муҳлати сабти симкортҳо бо пешниҳоди шиносномаҳои навро то 15 феврали соли 2022 тамдид кардааст

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Муҳлати сабти симкортҳо бо шиносномаҳои намунаи соли 2014, ки бар асоси қарори қаблии Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз бояд анҷом меёфт, то 15 феврали 2022 тамдид шуд, хабар нашр кардаанд аъзои фаъоли ҲХДТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Ба иттилои манбаъ, қарори Ҳукумат барои тамдиди муҳлати сабти симкорт 14 феврал имзо шудааст.

Расман ҳанӯз қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар ин бора дар сомонаҳои расмӣ нашр нашудааст. Пештар ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ахиран зимни ирсоли як паёмак ё “смс” аз муштариён хостаанд, симкортҳои бо шиносномаҳои намунаи соли 1996 гирифтаашонро бо шиносномаҳои пластикии соли 2014 дубора сабти ном кунанд, чун дар акси ҳол хизматрасонӣ қатъ хоҳад шуд.

Тибқи иттилои расмии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, рӯзи тасвиби қарори ҳукумати Тоҷикистон то якуми январи соли равон 3 миллиону 36 ҳазору 433 симкорт дубора бо корти шиносоии соли 2014 сабти ном шудаанд ва ҳамоно 3 миллиону 855 ҳазору 789 – и онҳо бо шиносномаи 1996 сабт шудаанд.

Ҳушдори қатъи хизматрасонӣ ҳам дар ҳоле садо дод, ки ахиран мақомоти андоз сабаби иҷро нашудани нақшаи даромади буҷаро ба коҳиши даромад аз кори ширкатҳои мобилӣ рабт дод ва қатъи хизматрасонии миллионҳо симкорт метавонист ин даромадҳоро боз камтар кунад.

Лентаи хабарҳо
0