23:43 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
183 0 0

Милисаҳои тоҷик, дар саҳни ВКД ва дар гирду атрофи таваққуфгоҳи Вазорат ниҳолҳои ҳамешасабз шинониданд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Роҳбарияти ВКД бо мақсади тоза намудани гирду атроф, аз ҳар гуна партовҳо ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар Вазорат ва дигар Раёсату шуъбаҳои он шанбегӣ доир кардааст. 

Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ҳайати шахсии ин ниҳод дар саҳни ВКД ва атрофи он ба гуруҳҳо тақсим гашта, атрофи Вазоратро аз ҳар гуна ашёҳои нодаркор тоза намуда, заминҳои атрофро нарм намуданд.

"Барои зебо ва дилкаш гардидан дар саҳни ВКД ва дар гирду атрофи таваққуфгоҳи Вазорат ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ободкориҳо агар аз як ҷиҳат ба симои зоҳири пойтахти кишвар ҳусн зам намояд, аз ҷониби дигар фазои экологии кишварро тоза менамод.

ВКД таъкид мекунад, ки новобаста аз самти фаъолият ободу дилкаш намудани кишвар вазифаи ҳар як сокин мебошад.

Барчаспҳо:
милисаҳои тоҷик, Тоҷикистон, ҳашар

Мавзӯъҳои асосӣ