Абрнок: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрноки бебориш мешавад. Ҳавои шаҳри Душанбе то 13 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрноки бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.

Снегопад затруднил движение на трассе Душанбе-Чанок - Sputnik Тоҷикистон
Фаромадани тарма ва бориши барфу борон то 17 феврал: пешгӯии ҳавошиносон

Ҳаво дар вилояти Суғд  қисман абрнок мешавад.  Дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол  аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои қисман абрноки бебориш  дар назар аст. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрноки бебориш шуда,  дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти шарқ  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои қисман  абрноки бе бориш пешбинӣ шудааст.   Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 1+3 дараҷа гарм  ва  рӯзона 11+13 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0