06:18 03 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
183 0 0

Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи асъори хориҷиро барои имрӯз дар бозори нақду ғайринақдии кишвар эълон кардааст. Мувофиқи он назар ба рӯзҳои ахири ҳафтаи гузашта, арзиши рубл каме поён ва арзши доллар андак боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Қурби миёнаи фурӯши як рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1518 то 0.1533 сомониро ташкил медиҳад, хабар додаст Бонки миллӣ.

Ба иттилои манбаъ, нишондоди миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА  аз 9.6966 то 9.7000 сомонӣ ва 1 евро муодили 10.5150 то 10.6500 сомонӣ шудааст.

Дар қурби расмӣ дар бозори ғайринақдӣ Бонки миллии Тоҷикистон афзудааст, ки имрӯз  доллари ИМА - 9.6966 сомонӣ, 1 евро - 10.5150 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1518 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз дафтарҳои асосии бонкҳо, намояндагиҳо, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ