01:16 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2158 0 0

Муовини аввали фармонеҳи нерӯи марзбонии Қирғизистон иддаои Сардори Раёсати ВКД-и вилояти Суғди Тоҷикистонро бар асоси таърихӣ будани заминҳои вилояти Бодканд рад кард

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Генерали Абдулкарим Олимбоев, муовини аввали фармонеҳи нерӯи марзбонии Қирғизистон гуфтааст, минтақаи Ботканд аз қадим бахше аз қаламрави Қирғизистон буда ва суханони генерали тоҷик Абдуллоҳ Навҷувонов сардори нави Раёсати ВКД-и вилояти Суғди Тоҷикистон дар ин маврид комилан беасос аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday” дар истинод ба akipress.

Муовини аввали фармондеҳи нерӯи марзбонии Қирғизистон таъкид кардааст, ки кишвараш хостори доштани равобити дӯстона бо Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон метавонад тамоми муносиботи худ бо Тоҷикистонро қатъ кунад ва аз ин иқдом мардуми кишвари ҳамсоя зиён хоҳад дид.

Генерал Абдулкарим Олимбоев муътақид аст генерал Абдуллоҳ Навҷувонов бояд вазъиятро дуруст ташхис диҳад ва барои мардуми Тоҷикистон, ки пас аз ҷанги хунини дохилӣ акнун дар фазои сулҳу оромиш ба сар мебарад, мушкил эҷод накунад.

Ёдрас мешавем, ки қаблан зимни нишастӣ матбуотӣ дар шаҳри Хуҷанд генерал Абдуллоҳ Навҷувонов гуфта буд, ки вилояти Суғд ду мушкил дорад, нахуст ихтилофоти марзӣ бо Қирғзиистон ва дуввум терроризм.

Вай дар ин нишаст қаламрави вилояти Бодканди Қирғизистонро дар гузашта мутааллиқ ба тоҷикон унвон карда буд, ки бо эътирози шадиди тарафи қирғизӣ рӯбарӯ шуд.

Дар пайи ин суханон Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон бо эҳзори сафири тозамансубшудаи Тоҷикистон дар Бишкек маротиби эътирози худро дар бораи изҳороти генерал Абдуллоҳ Навҷувонов эълом кард.

Барчаспҳо:
Бодканд, замин, таърих, Қирғизистон, Суғд, ВКД, Абдулло Навҷувонов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ