10:02 05 декабри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.72
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
553 0 0

Дар мавзеи сайёҳии "Чилдухтарон" меҳмонхонаи панҷситорадор сохта мешавад. Дар назар аст, ки меҳмонхона то рӯзи истиқлол ба истифода дода шавад

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Феълан корҳои сохтмонии ин меҳмонхона дар Муъминобод идома дорад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 зимни мулоқот бо мардуми ин макон гуфта буд, ки "шоҳкориҳои табиӣ ва ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ, аз қабили Чилдухтарон, обанбори Мӯъминобод, ёдгориҳои мансуб ба асрҳои 9-10, аз ҷумла қалъаи Мӯъминобод, Шоҳи Хомӯш, диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намудааст".

10 ҷолибтарин мавзеи сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Дар ҳашт моҳи соли 2016 - 6 ҳазор нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ҳудуди ноҳия, аз ҷумла минтақаи Чилдухтарон ташриф овардаанд.

Соли 2018 бошад, аз "Чилдухтарон" — 9331 сайёҳ боздид кардааст.

"Чилдухтарон" яке аз беҳтарин мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон ба шумор рафта ба 10-гонаи ҷолибтарин маконҳои Тоҷикистон ворид шудааст.

Дар домани қаторкӯҳҳои Чилдухтарон дашти Паҳндара ҷойгир аст, ки дар он ҷо солҳои 80-уми қарни ХХ яке аз қисмҳои филми бадеии "Рустам ва Сӯҳроб" (аз рӯи асари безаволи Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома») ба навор гирифта шудааст.

Мардум ҷойи набарди падару писарро санг чида, ба он "Қабри Сӯҳроб" ном ниҳодаанд.

Барчаспҳо:
истиқлол, меҳмонхона, ноҳияи Муъминобод

Мавзӯъҳои асосӣ