00:15 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
458 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво  абрнок шуда, борон меборад

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст.

Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят бориш шиддат мегирад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо бориш шиддат мегирад.  Шамол  аз самти шарқ бо  гузариш ба ғарб бо суръати  3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 13-18 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои  абрнок дар назар буда, рӯзона боридани борон ва барфи бошиддат  пешбинӣ шудааст.   Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати  2-7 дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3+8  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад.  Дар  баъзе ноҳияҳо бориши бошиддат дар назар аст. Шамол аз самти шарқ  бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  2-7 дараҷа хунук ва  рӯзона аз  2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво  абрнок шуда, борон меборад.  Дар  қисмати дуюми рӯз боридани барфи тар дар назар аст.   Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 9+11 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
борон, барф, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ