00:44 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
704 0 0

Ин  иқдом дар доираи  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  роҳандозӣ гардида,  ҳадафаш муаррифии ҳар чӣ бештари  таомҳои миллӣ, хусусан оши палови тоҷикӣ ба сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ  аст

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар Чойхонаи миллии "Харбуза", воқеъ дар шаҳри Ҳисор Маркази бузурги омода намудани оши палови тоҷикӣ ба фаъолият шурӯъ менамояд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба суханони раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода.

Внутри новой чайханы в Гиссаре
© Sputnik Махпора Киромова
Внутри новой чайханы в Гиссаре
Шарифҷон Ҷумъазода раиси шаҳри Ҳисор дар ин бора дар нишасти хабарӣ гуфтааст, "бо мақсади  ташкили Маркази  омода намудани оши палови тоҷикӣ ният дорем беҳтарин ошпазҳои касбиро аз саросари ҷумҳурӣ ҷамъ намоем, то ба мизоҷон ва дигар меҳмонони хориҷӣ, ки ба шаҳри Ҳисор меоянд,  дар сатҳи баланд хизмат расонанд".

Ҷумъазода афзуда, ки ин  иқдом дар доираи  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  роҳандозӣ гардида,  ҳадафаш муаррифии ҳар чӣ бештари  таомҳои миллӣ, хусусан оши палови тоҷикӣ ба сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ  аст.

Новая чайхана в Гиссаре
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Панҷ ҷашн дар 1 рӯз дар Хуҷанд: Раҳмон ба ошхуру палавхури беҳтарин пул дод

Чойхона соли 2015 ба ифтихори ҷашни 3000 – солагии Ҳисор  дар масоҳати  4,7 гектар дар шакли харбуза бунёд гардид.

Бинои Чойхона дар асоси фармоиш ва фаъолияти Корпоратсияи Баракат аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Шаҳрофар тарҳрезӣ ва бунёд шудааст.

Чайхонаи бо риояи анъанаҳои бостонии шаҳрсозӣ дар шакли харбуза сохта шуда, 43 метр баландӣ, беш аз 100 метр дарозӣ ва 55 метр паҳноӣ дорад.

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар ошёнаи якум бо 1600 метри мураббаъ толори дорои беш аз 1000 ҷойи нишаст, 2 утоқи корӣ барои кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ, 5 ошхонаи бунёд шудааст.

Толори асосӣ бо масоҳати беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо 1300 ҷойи нишаст, долони барҳаво ва дигар шароити замонавии хизматрасонӣ дар қабати дуюми бино, ки шакли харбузаро дорад, ҷойгир шудааст.

Барчаспҳо:
оши палав, чойхона, Ҳисор

Мавзӯъҳои асосӣ