15:56 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3582 0 0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, суханони Навҷувонов дар бораи Ботканд "фикри шахсии генерал" аст ва мавқеи расмии ҳукумати Тоҷикистон нест

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "танҳо изҳороти ВУХ ва сарвазири кишвар бобати масоили марзӣ бо Қирғизистон", метавонад мавқеъи расмӣ бошад.

"Якум ин кӣ фикри шахсии генерал аст. Ӯ дар ягон ҷаласаи расмӣ изҳор накардааст, ки гӯем ҳамчун мавқеъи расмии Тоҷикистон қабул карда шавад. Мавқеъи расмии мо оиди кулли  масъалаҳои сарҳад, дар ҷаласаҳои комиссияи байниҳукуматии ду кишвар қайд мегардад ва барои мавқеъи расмии моро, изҳор кардан муовини сарвазири кишвар, ки раиси комиссия ҳаст ё Вазорати умури хориҷа метавонанд оиди ин ё он масъала изҳорот кунад", - гуфт Муҳриддин.

Ба гуфти вазир, гарчанде ҷониби Қирғизистон дар паи суханони Навҷувонов сафири Тоҷикистон дар Қирғизистонро фаро хонда бошад ҳам,  ин маънои онро надорад, ки масъала миёни ду кишвар мушкилот эҷод мекунад.

"Чизеро, ки генерал Навҷувонов гуфт ва ҳатто бархе аз намояндагон аз тарафи Қирғизистон ҳам мавқеъҳои мухолифро мегӯянд, бештар  ба таърихшиносон ва бостоншиносони Академияи улум, ки таърихи ҳар мавзеъи кишвари моро медонанд, дахл дорад", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Ин дар ҳолест, ки Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати вазорати корҳои дохила дар Суғд гуфт, масъалаи тақсимоти марз бо Қирғизистон ва терроризму экстремизм аз ду мушкилии аслии вилоят ба ҳисоб мераванд.

Генерал гуфт, дар пайи муноқишаҳои марзӣ дар соли гузашта 16 парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда ва нисбат ба 27 шаҳрванди Қирғизистон кофтукоби ҷиноӣ эълон карда шудааст.

"Ба ҷуз ин, аз охирҳои моҳи декабри соли гузашта то охири моҳи январи соли ҷорӣ боз 6 парвандаи дигар, нисбати қирғизҳо барои даст доштан дар муноқишаи марзӣ, ифтитоҳ карда  шудааст",- афзуд сардори раёсати умури дохилии вилояти Суғд. 

Ба гуфти Навҷувонов, ҳаллу фасли ин гуна парвандаҳои марзӣ дар айни ҳол як кори мушкил аст, зеро дастгир кардани як қирғиз ба равобити ду давлат таъсири манфӣ расонида метавонад.

"Ин мушкилро барои мо, гузаштагонамон мерос гузоштаанд. Агар таърихро бардорем, дар гузашта ягон бор Бодканд қирғизнишин набуд. Гузаштагони мо, қирғизҳоро оварда дар он ҷо замину ҷой доданд, аммо имрӯз ин барои мо мушкилӣ шудааст", - тавзеҳ дод генерали тоҷик.

Барчаспҳо:
Абдулло Навҷувонов, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ