18:15 01 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
427 0 0

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, вазъи саломатии шаҳрвандони дар Вуҳан мондаи Тоҷикистон феълан хуб аст ва таҳти назорати табибон қарор доранд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон вазъи саломатии донишҷӯёни дар Вуҳани Чин мондаи тоҷикро тавзеҳ дод.

Ёдрас мешавем, Тоҷикистон 11 феврал 46 шаҳрвандашро аз Чин баргардонид, аммо 10 донишҷӯи дигар дар Вуҳан монданд.

"Вақти овардан 7 нафар аз донишҷӯён таби баланд доштанд ва мувофиқи қонунгузории Чин интиқоли онҳо муваққатан мамнӯъ аст. Се нафари дигар ихтиёран аз бозгаштан ба Тоҷикистон даст кашиданд", - гуфт Сироҷиддин Мӯҳриддин.

Вазир афзуд, ки феълан саломатии донишҷӯён хуб аст ва ба онҳо хатаре таҳдид намекунад.

"Ҳамаашон дар хобгоҳҳояшон қарор доранд, зери назорати табибонанд", - қайд кард вай.

Сироҷиддин Мӯҳриддин таъкид намуд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Чин дар иртиботи бевосита бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишвар аст ва феълан, мақомоти Тоҷикистон роҳҳои баргардонидани донишҷӯёнро андешида истодааст ва "шароит хуб ки шуд, онҳоро бармегардонад".

Мавзӯъҳои асосӣ