Бо Рустами Эмомалӣ кор кардан мехоҳед? Эълони шаҳрдорӣ барои ишғоли 16 мансаби холӣ

Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе барои ишғолӣ 16 мансаби холӣ озмун эълон кардааст. Дар ин бора Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳр қарори вижа ба имзо расонидааст

 ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо имзои қароре барои ишғоли 16 вазифаи холӣ озмун эълон кардааст. 

Люди с дипломатами - Sputnik Тоҷикистон
Озмуни Ҳукумати Суғд барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ

Бино бар санади мазкур, озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе эълон мегардад.

Ҳамин тавр, ба дастгоҳи раиси шаҳр сардори Раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандон ба кор даъват мешаванд.

Талабот аз довталабон маълумоти олӣ, собиқаи меҳнати мувофиқ ва донистани Сарқонуни Тоҷикистон гуфта мешавад.

"Маоши мансабӣ тибқи ҷадвали ягонаи тарифӣ 2170,80 сомонӣ", - омадааст дар қарори раиси шаҳр.

Ҳамчунин ба датгоҳи раиси шаҳр мудири бахши технология, сармутахассиси раёсати сохтмон, сармутахассиси раёсати иттилоот, сармутахассиси шӯъбаи энергетика ва саноат, сармутахассиси бахши корҳои хоҷагӣ, мутахассиси шӯъбаи нақлиёт ва ғайраҳо ба кор даъват карда мешаванд.

Озмуни Ҳукумати Суғд барои ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ

Ба Мақомои иҷроияи ҳокимияти давлатии Душанбе бошад, муовини сардори раёсати рушди иқтисод, мармутахассиси раёсати рушди иқтисод ва савдо, сармутахассиси бахш оид ба ҳуқуқи кӯдак, мутахассиси пешбари аёрсати кор бо занон, мутахассиси Раёсати рушди иқтисод ва савдо ва мутахассиси шуъбаи рушди сайёҳӣ даъват мешаванд.

Шаҳрдории Душанбе барои мутахассисони зикргардида аз 696 сомонӣ то 2100 сомонӣ дастмузд ваъда кардааст.

Талабот таҳсилоти олӣ дар риштаи вижа ва аз 3 сол таҷрибаи корӣ гуфта мешавад.

Рустами Эмомалӣ- раиси шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон кард

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рӯз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроға шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, индекс: 734023, телефон, факс: 221-64-31, почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   www.dushanbe.tj.

Номгӯи ҳуҷҷатҳои лозима дар вебгоҳи шаҳрдорӣ кошта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0