00:58 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
859 0 0

Райнер Мюллер-Ханке соли 1960 дар Олмон таваллуд шудааст. Ӯ дар фаъолияти бонкӣ дорои таҷрибаи беш аз бистсола дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ будааст

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Бо қарори Шӯрои нозирони "Бонки Эсхата" Райнер Мюллер-Ханке раиси бонк таъин шуд, хабар медиҳад "Ховар".

"Интихоб ва таъйини Райнер Мюллер-Ханке ба ҳайси роҳбари "Бонки Эсхата" бо назардошти таҷрибаи калони кории ӯ дар вазифаҳои муҳим дар бонкҳои тиҷорати хориҷӣ ва дар маҷмӯъ дар бонкдории байналмилалӣ сурат гирифт. Дар "Бонки Эсхата" боварӣ доранд, ки таҷрибаи ғанӣ ва диди касбии роҳбарро ҳайати кормандон бо мақсади ташаккулёбии он ҳамчун бонки инноватсионӣ ва технологӣ, ки онро замон ва мизоҷон талаб мекунанд, дастгирӣ менамоянд", - менависад манбаъ.

Райнер Мюллер-Ханке соли 1960 дар Олмон таваллуд шудааст. Ӯ дар фаъолияти бонкӣ дорои таҷрибаи беш аз бистсола дар кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, инчунин Федератсияи Россия мебошад. Ӯ дараҷаи магистр оид ба иқтисодиёти Донишгоҳи Озоди Берлинро дошта, дар донишгоҳҳои Ҳайделберг ва Мадрид дар риштаи иқтисодиёт таҳсил кардааст.

"Райнер Мюллер-Ҳанке дорои таҷрибаи ғанӣ ҳамчун менеҷери роҳбарикунанда дар "KMB Bank" — бонки гурӯҳи итолиёвии "Intesa Sanpaolo" дар Русия, "Swedbank" — бонки гурӯҳи Шветсия дар Украина ва инчунин ба ҳайси узви Шӯрои нозирони "FinComBank"-и Молдова ва ҶСП "AccessBank" дар Озарбойҷон мебошад", - афзудааст манбаъ.

Дар гузашта ӯ узви Кумитаи Идораи Палатаи савдои Олмону Русия дар Москва, мушовири калони бонкии Ширкати байналмилалии машваратӣ, ҳамраиси барномаи БАТР — Бунёди тиҷорати хурди Россия ва ҳамоҳангсози машваратчии пешбари бонкҳои шарики Россия буд.

 

 

 

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ