02:44 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
109 0 0

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки рӯзҳои 19-20 феврал дар шоҳроҳҳои нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд, Нуробод–Тавилдара эҳтимоли фаромадани тарма дар назар аст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои 19-20 феврал дар минтақаҳои  кўҳии ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ва нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор эҳтимоли фаромадани тарма дар назар аст.

Ба иттилои обуҳавошиносон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво  абрнок шуда, шабона ва саҳар борон меборад.  Рӯзона  ҳавои бебориш шуда, туман мефарояд.  Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад.  Дар ноҳияҳои алоҳида боришоти бошиддат дар назар буда, рӯзона ҳавои бебориш мешавад.  Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона аз  1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, рӯзона бебориш мешавад.   Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 19-24 ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  рӯзона тағйирёбандаи бе бориш мешавад. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва   рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5  ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
тарма, шоҳроҳ, сардӣ, барфу борон, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ