14:50 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1082 0 0

Дар ташхиси охир барои ошкор намудани “Коронавирус” аз нафароне, ки аз Чин ба истироҳатгоҳи Тюмени Русия интиқол дода шудаанд, нишонаи вирус ошкор нагардидааст

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ҳамаи шаҳрвандони Русия ва кишварҳои ИДМ, ки аз Чин бароварда шуданд нишонаи сироят ба коронавирус надоранд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба роҳбари департаменти вилоятии тандурустӣ Инна Куликова.

“Охирин натиҷаҳои ташхисҳо аз Маркази илмии Навосибирски Русия роҷеъ ба сироёти “коронавирус”  дар даст дорем. ҳамаи нафароне, ки аз Чин ба Тюмени Русия бароварда шуданд, солим ҳастанд”, - гуфт Куликова.

Вай инчунин қайд кард, ки натиҷаҳои ташхиси шаҳрванди Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони кишварҳои ИДМ, ки аз Ухани Чин бароварда шудаанд, манфӣ баромаданд ва онҳо гирифтори коронавирус нашудаанд.  

Роҳбари департаменти тандурустии Тюмени Русия таъкид кардааст, ки бағоҷу либосҳои шахсии нафарони беруноварда зери карантин қарор доранд. Либосҳои шахсии онҳо баъд аз анҷом ёфтани карантин ба онҳо супорида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки 5 феврали соли равон шаҳрвандони Русия ва кишварҳои ҳамсуд аз Чин ба минтақаи Тюмени Русия бароварда шуданд. Ба хотири паҳн наёфтани “коронавирус” ҳамаи нафароне, ки аз Чин бароварда шуданд зери карантин қарор дода шудаанд. Карантин рӯзи 19 феврал ба анҷом мерасад.

Барчаспҳо:
ошкор, Русия, Тюмен, шаҳрванди Тоҷикистон, Чин, вирус, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ