21:17 12 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1781 0 0

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз дарёфти ҷасади марди 48 - сола хабар медиҳад, ки муддати се моҳ беному нишон буд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ҷасади сокини 48 - солаи деҳаи Даштаки ноҳияи Шуғнони ВМКБ, ки муддати се моҳ бедарак буд, аз соҳили дарёи Ғунд пайдо шуд.

Ба иттилои котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, номбурдаро давоми ин се моҳ хешу пайвандон дар ҳамдастӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ меҷӯстанд, аммо бенатиҷа буд.

Зимнан, дирӯз, 18 - уми феврали соли ҷорӣ ба Раёсати кумитаи мазкур дар ВМКБ аз дарёфт шудани ҷасади ношинос дар соҳили рӯди Ғунд занги телефонӣ ворид шуд.

Дарёфти ҷасад аз ҳавзи моҳипарварии Конибодом: сабаби ғарқшавӣ номаълум аст

Гуфта мешавад, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҷасади ӯро ба мақомоти марбута таслим намуданд. 

Ташхиси судӣ нишон дод, ки ин мард 48 сол умр доштааст. Марҳум аз 25 - уми ноябри соли 2019 бедарак будааст. Феълан маълум нест, ки ин мард худкушӣ кардааст ва ё дар пайи ҳодисаи нохуш дар дарё ғарқ шудаст.

Барчаспҳо:
ғарқ, дарё, ҷасад, Бадахшон

Мавзӯъҳои асосӣ