03:05 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
181 0 0

Ҳукумати Русия ба Тоҷикистон маводи доруворӣ ва лавозимоти ҷарроҳӣ кумак кард. Ҳукумати Тоҷикистон миннатдор шуд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар доираи ҳамкорӣ бо Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ дар Тоҷикистон имрӯз, 20 феврал аз ҷониби Русия ба Тоҷикистон  маводи доруворӣ ва лавозимоти ҷарроҳӣ  тақдим карда шуд.

Российская Федерация предоставила Министерству здравоохранения медикаменты и хирургические принадлежности
© Sputnik / Амир Исаев
Российская Федерация предоставила Министерству здравоохранения медикаменты и хирургические принадлежности

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, дар маросими супоридани мавод ва лавозимоти зикршуда муовини вазири тандурустӣ Мирҳамуддин Камолзода,  сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин- Фролов, роҳбари Намояндагии доимии Бюрои минтақавии урупоии Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Галина Перфилева ва расонаҳо ширкат кардаанд.

Дар ҳоли омодабош: Русия ба Тоҷикистон 2000 воситаи ташхиси коронавирус дод

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории роҳбарияти вазоратро ба Ҳукумати Русия ҷиҳати дастгирии пайвастаи соҳа баён намудааст.

Ёдрас мешавем, ки субҳи 4 феврал аз ҷониби Хадамоти назорати истеъмолии Русия (Роспотребнадзор) 2000 ҳазор воситаҳои ташхиси коронавирус ба Озмоишгоҳи вирусологии Сарраёсати назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ дастрас гардид.

Барчаспҳо:
ҷарроҳӣ, маводи доруворӣ, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ