Бӯи баҳор мерасад: пешбинии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© © Sputnik / Амир ИсаевЦветущие деревья в парке ЖД, архивное фото
Цветущие деревья в парке ЖД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  шаҳри Душанбе рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 4-9 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносӣ.

Девушка в сильный мороз - Sputnik Тоҷикистон
То 40 дараҷа сардӣ, тармаву жола: феврал дар Тоҷикистон чигуна хоҳад буд

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Бод аз сӯи  шарқ бо суръати  3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук  ва   рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои  тағйирёбандаи  бебориш пешбинӣ шудааст. Бод аз сӯи шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм  ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 дараҷа гарм  ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  3-8 дараҷа хунук ва  рӯзона 3+8 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0