12:58 09 августи 2020
Пахши мустақим
  • RUB0.14
  • USD10.31
  • EUR12.20
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
225 0 0

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарбозони тоҷикро бо рӯзи Артиши миллӣ шодбош гуфт ва ёдрас шуд, ки низомиёни тоҷик аз аввал шуҷоу меҳанпараст буданд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон имрӯз, 21 феврал дар паради ҳарбӣ бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қуваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуд.

Тавре котиботи раиси ҷумҳур гузориш медиҳад, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар назди низомиёни тоҷик аз таъсисёбии артиши миллӣ дар замони бисёр мушкил ёдрас шуд.

Президент таъкид намуд, ки аскарону афсарону тоҷик аз аввал шуҷоу меҳанпараст буданд ва дар ин роҳ ҷони худро дареғ надоштанд.

"Ҳанӯз дар оғози таъсисёбии Артиши миллӣ, яъне дар шароити ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ содиқ монда, барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ, қатъи ҷангу хунрезӣ, аз нестшавӣ ва парокандагӣ нигоҳ доштани давлату миллат, истиқрори сулҳу оромӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми ниҳоят арзишманд гузоштанд", - изҳор дошт президент.

Дар ин роҳ ҳазорон нафар афсарону сарбозони бонангу номус ва содиқу сарсупурдаи мо ҷони худро нисор карданд, ки хотираи неки онҳо дар қалби мардуми Тоҷикистон ҳамеша зинда хоҳад монд, афзуд вай.

Дар идома кишвардор ва сарфармондеҳи олӣ ёдрас шуд, ки дар замони феълӣ - зуҳури терроризм ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро такмил бояд бахшид.

"Ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба амал омада, боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар одамони бегуноҳ ва бехонумон мондани миллионҳо нафари дигар дар баъзе кишварҳои сайёра гардида истодаанд, моро водор месозанд, ки барои тақвияти пояҳои моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, ба хусусияти таҳдиду хатарҳои муосир мутобиқ гардонидани қудрати мудофиавии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва такмили сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии он минбаъд низ тадбирҳои зарурии иловагӣ андешем", - гуфт президент.

"Облава"-ро аз байн мебарем: дар Тоҷикистон мӯҳлати хизмати артишро 1,5 сол карданианд

Дар анҷом Эмомалӣ Раҳмон низомиёнро бо Рӯзи Артиши миллӣ шодбош гуфт ва эътимоди худро нисбати онҳо дар ҳимояи ватан изҳор кард.

 

 

Мавзӯъҳои асосӣ