07:08 12 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
269 0 0

Собир Валиев, ки чанд соли ахир  дар хориҷ ба сар мебурд, баъди гирифтани огоҳӣ аз мақомоти Тоҷикистон дар бораи авфаш дарҳол ба ватан баргаштааст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Яке аз собиқ фаъолони "Гурӯҳи 24" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) Собир Валиев дар Фейсбук хабар додааст, ки ӯро авф кардаанд ва вай метавонад ба Тоҷикистон баргардад.

Вай таъкид кардааст, ки мақомоти тоҷик ӯро дар ин бора огоҳ кардаанд.

"Тавре пештар навишта будам, соли 2020 барои ман аҷиб аст. Дар ҳамкории бевиста бо  Раёсати кофтукоби ҷиноӣ ман тасмим гирифтам, ки ихтиёрӣ ба ватан баргардам", - гуфтааст собиқ узви гурӯҳ.

Афзун бар ин, вай таъкид кардааст, ки огоҳиро дар бораи қатъӣ парвандаи ҷиноӣ нисбаташ 20-уми феврал дарёфт намуд. Валиев гуфтааст, ки ин сана барояш "тақдирсоз" будааст.

"Сипоси алоҳида аз дӯстонам, ки нисбати тақдири ман бетараф набуданд. Хело умед мекунам, ки барои ватанам ва миллатам хизмат хоҳам кард. Хело хушбахтам, ки бо пойҳои худам дар хоки ватанам меистам. Ситораҳо рост омаданд ё сеҳри сана буд - бигзор ҳар кас барои худаш муайян кунад", - навиштааст Валиев.

Аз феҳристи созмонҳои террористӣ ҳазф кунед: дархости 7 узви собиқи "Гурӯҳи 24 " аз додгоҳ

Ёдрас мешавем, Собир Валиев  чанд соли ахир дар хориҷ қарор дошт ва узви фаъоли "Гурӯҳи 24" буд, ки дар Тоҷикистон ташкилоти экстремистӣ эълон шудааст.

Пештар дар Тоҷикистон нисбаташ парванади ҷиноӣ бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ - "Созмони ташкилоти ҷиноӣ" ва "Эктремизм" ифтитоҳ шуда буд.

Бояд қайд, ки пештар собиқ узви гурӯҳи экстремистӣ ба Додгоҳи Олии Тоҷикистон муроҷиат карда буданд, ки "Гурӯҳи 24" дар Тоҷикистон ба қайд гирифт шавад, зеро дигар ба амнияти кишвар хатар эҷод намекунад.

Афзун бар ин, онҳо аз узви гурӯҳ, ки дар хориҷ қарор доранд, даъват карданд, ки ба Тоҷикистон баргарданд ва мақомоти кишвар онҳоро авф хоҳад кард.

Мавзӯъҳои асосӣ