01:46 14 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1276940

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни ҷамъомад бахшида 27 - солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ хостори ироаи сабукӣ ба хидматкардаҳо дар артиш ҳангоми қабул ба кору таҳсил шуда, таъкид намуд, ки фарзандони вакилону вазирон бояд дар навбати аввал хидмат кунанд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Раҳмон дастур дод, ки зимни қабул ба вазифаҳои масъули давлатӣ, адои хизмати ҳарбӣ ҳамчун сифати асосӣ ва мусбати хислатномаи довталабон ба назар гирифта шавад.

"Дар иртибот ба ин, супориш дода мешавад, ки барои ин гурӯҳи шаҳрвандон имтиёзҳои муайян, дар навбати аввал, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат, бидуни озмун шомил гардидан ба коллеҷу литсейҳо ва аз рӯи ихтисос бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо муқаррар карда шаванд", - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур афзуд, ҳар як сарбоз дар давраи хизмати ҳарбӣ илова ба гузаштани курсҳои махсуси тахассусӣ, инчунин, касбу ҳунарҳои гуногун, аз ҷумла ронандагиву дуредгарӣ, кафшергару сохтмончӣ, устои барқ ва таъмири автомашинаҳо ва забонҳои хориҷиро низ омӯзад, то ин ки баъди хизмат, роҳи фардои зиндагии худро пайдо карда тавонад.

Таъкиди Раҳмон ба ҷалби фарзандони вазиру вакилу раисон ба хидмати ҳарбӣ

Ӯ дар идома таъкид намуд, ки роҳбарони ҳамаи зинаҳо, аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парлумон то раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” бошанд.

“Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳозир бошанд. Зеро ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳамаи табақаҳои аҳолӣ вазифадоранд, ки талаботи онро риоя намоянд”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Супориш: Ҳукумат захираи сарбозону афсаронро 3 баробар зиёд мекунад

Инчунин раисиҷумҳур бо зикри вазъияти мураккаб дар минтақа ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки шумораи захираи сафарбарӣ, яъне афсарону сарбозони эҳтиётро аз 110 ҳазор ба 300 ҳазор нафар зиёд намояд.

“Вазъияте, ки имрӯз дар минтақа, алалхусус, дар қаламрави кишвари ҳамсояи мо – Афғонистон, яъне бевосита дар наздикии сарҳади давлатии мо ба вуҷуд омадааст, боиси ташвиш ва нигаронии ҷиддӣ мебошад. Вазъияти дар ин кишвар баамаломада, ки беш аз чил сол идома дорад, на танҳо натиҷаи фаъолияти созмонҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ташкилоти ба ном «давлати исломӣ», балки нишонаи возеҳи дахолати доираҳои манфиатдори хориҷӣ мебошад”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Савганди мақомдори пулиси Амрико бо Қуръон ба ҷои Инҷил

Ӯ таъкид намуд, ки ҷой доштани камбудиҳо дар самти риояи тартибу интизом, нақшаҳои таълиму тарбия, муносибатҳои ғайриоинномавӣ миёни сарбозону афсарон, истифодаи нодурусти силоҳи оташфишон, даст задан ба амалҳои коррупсионӣ, ҳолатҳои бемасъулиятӣ ва хунукназарӣ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ба рушду такомул ва нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳ таъсири манфӣ мерасонанд.  

Раисиҷумҳур дастур дод, ки камбудиҳои ҷойдошта ислоҳ гарданду барои такмили донишу малакаи низомиён дар кишвар чораандешӣ шавад.

Барчаспҳо:
сарбозон, Эмомалӣ Раҳмон, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ