00:57 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1643 0 0

Дар арафаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон дар тамоми маконҳои пуриздиҳом, аз қабили бозор, кӯчаю хиёбонҳои шаҳр тадобири амниятӣ пурзӯр карда мешавад

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Дар робита ба интихоботи парлумонии 1 март, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон ба реҷаи мукаммали хидматӣ мегузаранд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

"То анҷоми маъракаи интихоботӣ дар кишвар тамоми сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба реҷаи мукаммали хидматӣ мегузаранд, -  гуфта мешавад дар гузориш.

Ба иттилои сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, сар аз 28 - уми феврал, тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният ба реҷаи пурзӯри хидматӣ интиқол дода мешаванд.

Гуфта мешавад, дар давраи интихобот, барои ҳамоҳанг сохтани амалҳои кормандони қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як комиссияи байниидоравии ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст.

Ҳангоми интихобот дар тамоми ҷойҳои ҷамъиятӣ,  бозорҳо, хиёбонҳо ва кӯчаҳои ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишини кишвар аз ҷониби гурӯҳҳои пурқувватшудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва амният, посбонӣ карда мешаванд.

Агар вакил шавам...: 30 ваъдаву ҳадафи Рустами Эмомалӣ пеш аз интихобот

Ҳамаи 3371 участкаи интихоботӣ, ки дар Тоҷикистон кушода шудаанд, ба таври шабонарӯз муҳофизат хоҳанд шуд.

Барчаспҳо:
тадобири амниятӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ