Боздошти зани ҷавон барои ташкили мулоқотҳои пулакии занону мардон дар Душанбе

Обуна шудан
Ӯ манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои фароҳам овардани шароит ба муносибатҳои маҳрамона 300 сомонӣ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти зани ҷавоне ба иттиҳоми ташкили фоҳишаҳона хабар медиҳад.

Работница коммерческого секса с клиентом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти хонуми 34-сола барои ташкили фоҳишахона дар Душанбе
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 27-солаи сокини кӯчаи С.Шерозии пойтахт бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд",  - менависад манбаъ.

Гуфта мешавад, ӯ санаи 24-уми феврали соли 2020, хонаи истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан аз марди 25 ва зани 20-солаи сокинони шаҳри Душанбе маблағи 300-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.

ВКД аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома медиҳад.

Пештар мақомоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доаданд, ки дар шаҳри Хуҷанд бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ як марди 45 сола дастгир шудааст.

Зани 26 - сола дар Душанбе манзилашро ба фоҳишахона табдил доду бар иваз 150 сомонӣ мегирифт

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров, бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.

ВКД парванда боз намуда, тафтишотро идома медиҳад.

 

Лентаи хабарҳо
0