Борон ва то 23 дараҷа гармӣ: пешбинии обуҳавошиносон барои имрӯз

© Sputnik / Сергей Субботин / Гузариш ба медиабонкВесна в горах Таджикистана, архивное фото
Весна в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 26 январ дар аксар минтақаҳо борон пешбинӣ мешавад. Дар Хатлон ҳаво то 23 дараҷа гарм хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда,  дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Танҳо дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят шабона барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Цветущие деревья в парке ЖД, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносони Тоҷикистон то 22 дараҷа гармиро пешбинӣ мекунанд
Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони суст меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ нимаи дуюми рӯз боришоти борон ва барф ба амал меояд.  Шамол  аз самти  ғарб бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  ва   рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳаво  тағйирёбандаи бе бориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ нимаи дуюми рӯз борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7 ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар водиҳо  рӯзона ҳавои бе бориш мешавад. Нимаи дуюми рӯз борон ва барф ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 5+10 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 2+7 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 6+8 ва  рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0