21:12 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
165320

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон имрӯз хабари фирори сафир ва баста шудани сафорат дар Эронро рад кард ва эълон кард, ки ин гуна хабарҳо асос надоранд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон овозаҳо атрофи басташавии сафорат ва такри Эрон кардани дипломатҳои тоҷикро рад кард.

Вазорат хабарҳои паҳншуда дар шабакаҳои интернетиро, ки гӯиё  сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон баста шудаю сафири тоҷик тарки Эрон кардааст, бепоя хонд.

Вазорат паҳни ингуна хабарҳои бардурӯғро кори душманони равобити ду кишвар донист.

ВУХ Тоҷикистон таъкид кард, ки дар ҳоли ҳозир сафоратхонаи ҷумҳурӣ дар реҷаи муқаррарӣ фаъолият дорад ва ҳеҷ як корманди сафоратхона ҳеҷ куҷое нарафтааст.

“Сафорат чун ҳарвақта фаъолият дорад. Кормандони сафорат дар ҷойҳои кории худ ҳастанд. Бахши консулгарии сафоратхона барои омода кардани раводидҳо ба шаҳрвандони Эрон идома доранд”, - таъкид дошт ВУХ Тоҷикистон.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расонаҳои Эрон теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба вируси “корона” дар Эрон ба 15 тан расид.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, то кунун 95 нафар дар Эрон ба таври қатъӣ ба вируси “корона” мубтало шудаанд.

Густариши “корона” дар моҳи декабри соли 2019 аз шаҳри Вуҳани устони Ҳубей, шарқи Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ваҳшӣ будааст. Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин ба беш аз 30 кишвари дигар, аз ҷумла Эрон, Амрико, Англия, Австралия, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Канада, Фаронса, Арабистон ва Аморот сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 80 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 27 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва беш аз 2700 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Барчаспҳо:
беасос, хабар, фирор, сафир, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ