00:25 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
145 0 0

Риштаҳои пахтагини панҷ корхонаи азими Тоҷикистон дар “Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул” ба намоиш гузошта мешавад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Барои нӯҳумин бор пайидарҳам Тоҷикистон риштаи пахтагини худро дар Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул, ки аз 27-ум то 29-уми феврали соли 2020 дар пойтахти Туркия баргузор мегардад, ба доираи васеъи харидорони байналмилалӣ нишон медиҳад, иттилоъ додааст Маркази тиҷорати байналмилалӣ.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин намоишгоҳ маҳсулоти панҷ корхонаи ресандагӣ – “Ваҳдат”, “Ресандаи Қурғонтеппа”, “Спитамен Текстайлз”, “Файзи Истиқлол”, ва “ХИМА Текстил” ба намоиш гузошта мешаванд.

Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул мизбони беш аз 8000 боздидкунанда аз тақрибан 80 кишвари ҷаҳон буда, пешсафони соҳаро, ки бозори байналмилалии риштаро муайян мекунанд, гирд меорад.

Дар он, ки ҳамчун “қалби саноати ришта дар АвруОсиё” шуҳрат ёфтааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд.

Содиқҷон Рустамӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, бар ин бовар аст, ки иштироки дар ин намоишгоҳ ба корхонаҳои кишвар имкон медиҳад ба бозорҳои минтақа роҳ ёбанд

“Намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои ресандагии Тоҷикистон имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пештози маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридотӣ, ва тоҷирон робита барқарор кунанд, бо талаботу интизориҳои бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шуда, барои худ маҳсулоти нав ва навовариҳоро кашф кунанд”, - гуфт ӯ.

Барчаспҳо:
маҳсулот, Панҷ, Истанбул, Туркия, намоишгоҳ, корхона, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ