00:17 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
314 0 0

Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон расман изҳорот додааст, ки хабари фирори сафир ва баста шудани сафорат дар Теҳрон саропо дурӯғ аст ва фаъолияти сафорат ба шеваи муқаррарӣ идома дорад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон сарусадоҳо дар шабакаҳои интернетиро дар  атрофи басташавии сафорат ва такри сафир аз Эронро расман рад кард.

“Хабари саропо дурӯғ, муғризона ва мунофиқонаи муҷрии пойгоҳи сиёсӣ-фарҳангии “Кимиёи саодат” Сайидюнуси Истаравшанӣ дар саҳифаи фейсбукиаш дар бораи он, ки гӯё аз хавфи шуюи вируси “Корона” “Тоҷикистон ҳатто Сафораташро дар Теҳрон баста ва сафири Тоҷикистон, ки лофи дӯстӣ мезад, ҳамроҳи хонаводааш аз Теҳрон куллан рафта ва донишҷӯёни тоҷик, ки мехоҳанд аз Эрон хориҷ шаванд, намедонанд ба чӣ касе муроҷиа кунанд”-ро қотеона рад мекунад”, - изҳорот кардааст сафорат.

Ҳамчунин сафорат таъкид кардааст, ки фаъолияти кормандони Сафорат ва Сафир ба шеваи муқаррарӣ идома дорад.

“Дарҳои Сафорат барои ҳамаи муроҷиаткунандагон боз аст. Хабари мазкурро танҳо нафаре метавонист интишор диҳад, ки сафедро сиёҳ ва сиёҳро сафед гуфтан барояш як амри муқаррарист”, - зикр намудааст сафорати Тоҷикистон дар Эрон.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои расонаҳои Эрон теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба вируси “корона” дар Эрон ба 15 тан расид.

Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, то кунун 95 нафар дар Эрон ба таври қатъӣ ба вируси “корона” мубтало шудаанд.

Густариши “корона” дар моҳи декабри соли 2019 аз шаҳри Вуҳани устони Ҳубей, шарқи Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ваҳшӣ будааст. Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин ба беш аз 30 кишвари дигар, аз ҷумла Эрон, Амрико, Англия, Австралия, Таиланд, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Канада, Фаронса, Арабистон ва Аморот сироят кардааст.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 80 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 27 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва беш аз 2700 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчаспҳо:
Теҳрон, дарҳои боз, изҳорот, сафорат, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ