00:14 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
874 0 0

Масъулини кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни як ҳамоиш қайд намуданд, ки коррупсия обрӯи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коста мекунад ва вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, ки бар зидди он мубориза барад

ДУШАНБЕ, 27 фев – Sputnik. Шараф Шерализода, муовини  якуми  раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон гуфт, коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи ҷомеа  буда, метавонад сабаби коҳиш ёфтани эътибору обрӯи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад.

Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ хабар додааст. 

Вай афзуд, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир барои пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ ва тавсеаи ҳамкории давлат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд.

“Муқовимат бо коррупсия вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад”, - таъкид дошт вай.

Ҳамзамон ӯ зикр кард, ки тайи ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 7 дарсад таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45, 6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард сомонӣ расид.

Дар ин давра ҳаҷми даромади Буҷети давлатӣ қариб ду баробар афзуда, 23 миллиард сомониро ташкил дод. Даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнат 2,4 баробар афзуд. Сатҳи камбизоатӣ бошад, то 27, 5 дарсад поин фуромад.

Барчаспҳо:
обрӯю нуфуз, коррупсия, мубориза, ҳамоиш, Кумитаи сармоягузорӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ