Бо дастури Раҳмон: сокинони Бадахшон ба истихроҷи сангҳои қимматбаҳо шурӯъ карданд

© Sputnik / А. Кондратьев / Гузариш ба медиабонкДобытые драгоценные камни
Добытые драгоценные камни - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сокинони ВМКБ имкони бевосита истихроҷ намудани канданиҳои фоиданокро пайдо намуданд. Дар асоси муроҷиати 116 сокини ин вилоят, иҷозатномаи истихроҷи сангҳои қимматбаҳо ба 50 нафар дода шуд

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Ҳамакнун 50 сокини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкон доранд, аз роҳи қонунӣ ба истихроҷи метал ва сангҳои қимматбаҳо шурӯъ кунанд.

Драгоценные камни, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду сокини Тоҷикистон бо 14 санги қимматбаҳои ёқути сурх дастгир шуданд

Ба иттилои котиботи ВМКБ, барои гирифтани иҷозатнома 116 сокини вилоят ба мақомоти марбута ариза пешниҳод намуда буданд.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи зани 33-сола барои қочоқи ёқути сурх

Феълан, танҳо ба 50 сокини ин минтақа имкон дода шуд, ки ба фаъолияти худ дар самти истихроҷи канданиҳои фоиданок шурӯъ кунанд.

"Дархостҳои 66 - нафари дигар дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд", - шарҳ додаанд котиботи ВМКБ.

Манбаъ меафзояд, қаблан сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо роҳи ғайриқонунӣ канданиҳои фоиданокро ба даст меоварданд ва дар бештари ҳолатҳо, аснои хариду фурӯш ба дасти кормандони милитсия афтода, пушти панҷара мерафтанд.

Аз моҳи ноябри соли гузашта бо дастури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба шахсони воқеӣ дар ВМКБ имкон дода шуд, ки бевосита ба истихроҷи сангҳо ва металҳои қимматбаҳо сару кор гиранд.

Аукцион. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Дар Лондон нархи аввалияи лаъли Бадахшонро $300 ҳазор эълом карданд

Зикр мегардад, ки тарзи додани иҷозатнома  ниҳоят сода гардонида шудааст, амалан он танҳо бақайдгирӣ мехоҳаду бас. Бақайдгирӣ тавассути шӯъбаи молияи ноҳия аз тарафи Вазорати молия сурат мегирад. Дар додани иҷозат ба шахсони воқеӣ ягон шарт ва монеа пешбинӣ нашуда, ба хоҳишмандон тибқи пешниҳоди ариза ба мақомоти молияи маҳаллӣ бе мамониат иҷозат дода мешавад.

Феълан дар ВМКБ се нуқтаи хариди метал ва сангҳои қимматбаҳо ташкил карда шудаст, ки яке дар шаҳри Хоруғ ва дуи дигар дар Рӯшон ва Мурғоб кушода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0